Ҷашнвора барои бунёди ҷомеаҳо мусоидат карда, илҳомбахши ғояҳои навоварона ва лоиҳаҳои муштараки эҷодӣ мегардад. Он барои шинохти бештаре аз соҳибкорони маҳаллӣ кумак намуда, инчунин барои ҳамкориҳои байни фарҳангҳо ва бахшҳои мухталиф мусоидат хоҳад кард.
Дар бораи лоиҳа
Go Viral Festival & Network як ташаббуси минтақавӣ буда, бо илҳом аз ҷашнвораи SXSW дар Остини иёлати Техас созмон дода шудааст. Он барои эҷод ва нигоҳ доштани робитаҳо миёни раҳбарони афкори минтақавӣ, навоварон ва эҷодкорон, мубодилаи ғояҳо ва дастёбӣ ба ҳадафҳояшон, инчунин ҳалли мушкилоте, ки барои онҳо ва ҷомеаҳои онҳо муҳим аст, ёрӣ мерасонад.

Go Viral ҳам як ҷашнвора ҳаст ва ҳам як қатор иқдомоти мухталиф, монанди суханрониҳо, семинарҳо, муҳокимарониҳо, филмҳо, иҷроҳои мусиқӣ ва чорабиниҳои дигари марбут ба расона, тиҷорат, фарҳанг ва фановариҳоро аз ҷониби танзимкунандаҳои раванди пешбари ИМА, Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ фаро мегирад.
Чорабиниҳо
Чорабиниҳои хурд дар доираи Go Viral давоми сол на танҳо дар Қазоқистон, балки дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешаванд. Ҷашнвораи серӯзаи Go Viral ҳамасола дар Алмаато баргузор мешавад ва аз соли 2017 ба ин тараф мутафаккирон ва навоварони пешқадам аз Қазоқистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Аврупои Шарқӣ ва ИМА-ро дар бахши ВАО, фарҳанг, тиҷорат ва фановариҳо ба ҳам меоварад.
Ҷамъият
Имрӯз ҷамъияти Go Viral беш аз 5500 нафарро муттаҳид мекунад. Миёни онҳо рӯзноманигорон, соҳибкорон, фаъолони иҷтимоӣ ва мутахассисони соҳаҳои гуногун ҳастанд, ки мехоҳанд таҷрибаву идеяи худро бо дигарон шарик созанд ва инчунин барои эҷоди лоиҳаҳои нав ва ҳамкориҳои бидуни марз илҳом бигиранд.
Маъмурият
Go Viral лоиҳаест, ки аз ҷониби Намояндагии дипломатии ИМА дар Қазоқистон сарпарастӣ гардида, дар шарикӣ бо Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад. Он ба одамон имкон медиҳад тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои нав бо истифода аз фановариҳои ҷадид муҳтавои ҷолиби худро барои корбарону мухотабони зиёде ба иштирок бигузоранд.

Шарикон

Подписывайтесь на наши социальные сети, чтобы быть в курсе всех обновлений!